26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Файзобод ду Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт

542
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Файзобод ду маркази саломатӣ, яке дар деҳаи Дубеда ва дигаре дар Орифон сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Марказҳои саломатии деҳаҳои мазкур тибқи нақшаи ягона бунёд гардида, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳ мебошанд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин муассисаҳои замонавӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ ва мебели махсус ҷиҳозонида шуданд.

Дар маросими ба истифода додани Марказҳои саломатии Дубеда ва Орифон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова, масъулини Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки ин марказҳои саломатӣ дар ноҳияи Файзобод ба 10 000 нафар аҳолии деҳаҳои Дубеда, Карсанг, Орифон ва Мискинобод хизмати босифати тиббию санитарӣ мерасонад.

Қобили зикр аст, ки ба маркази саломатии зикршуда 85 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, 24 намуди мебели тиббӣ, ҷевон, мизу курсӣ ва лавозимоти дигар, занҷираи хунукидиҳӣ ва генератор харидорӣ ва пешниҳод шудааст, ки барои кори хуби табибон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин ба марказҳо ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия аз ҷониби Лоиҳа таҷҳизоти зарурии тиббӣ барои истифодаи табибон ва кормандони миёнаи тиб харидорӣ ва дастрас карда шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво