29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Насим Олимзода: «То соли 2021 тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 560 муассисаи тандурустӣ таъмиру навсозӣ карда мешаванд»

589
То соли 2021 тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд 560 муассисаи тандурустӣ таъмиру навсозӣ карда шаванд. Матлаби мазкурро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода баён намуд.

Н.Олимзода ҳамчунин иброз дошт, ки барои таъмири ин иншоот маблағҳои буҷетӣ ҷудо гардида бошанд ҳам, дар назар аст, ки дар доираи маблағҳои грантии бонкҳои ҷаҳонӣ, олмонии рушд, осиёии рушд, исломии рушд, Алянси глобалии ваксинатсия ва иммунизатсия зиёда аз 90 муассиса таъмиру барқарор карда шаванд.

Ҳамчунин зимни нишасти имрӯза зикр карда шуд, ки дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ соли 2018 дар зиёда аз 120 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва зиёда аз 20 шуъбаҳои беморхонаҳои ноҳиявӣ корҳои таъмирию сохтмонӣ анҷом дода, 4 корхонаи хусусии коркарду истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз гиёҳҳою ашёи ватанӣ ва 586 ҳуҷраҳо барои гузаронидани хатна ташкил гардиданд.

Дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» 20 маркази саломатии деҳот дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ таъмиру навсозӣ гардиданд. Ин марказҳо пурра бо таҷҳизоту дастгоҳҳои ташхисӣ ва нақлиёти санитарӣ таъмин гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Соли 2019 дар назар аст, ки дар доираи ин лоиҳа боз 17 маркази саломатӣ ба истифода дода шавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво