26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хуҷанд коргоҳи муосири истеҳсоли равғани баландсифат «Зирвеко» бунёд мегардад

658
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 30-юми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сохтмони корхонаи равғанбарории ширкати «Зирвеко» бомаром идома дорад. Корхонаи равғанбарорӣ бо истифода аз технологияи муосири ҷаҳонӣ истеҳсоли давлатҳои Чин ва Итолиё бунёд гардида, дар он аз маҳсулоти равғани хом маҳсулоти баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ омода менамоянд. Зимни истеҳсол, ба воситаи дастгоҳҳо равған якчанд марҳиларо гузашта, полоиш (филтрасия) ёфта, дар натиҷа ба маҳсулоти баландсифати ба саломатии инсон безарар ва тозаву хушбӯй табдил меёбад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 тонна буда, он асосан равғани хоми пахта, рапс, зағир ва дигар зироатҳои равғандеҳи истеҳсоли хориҷиро бо сифати баланд коркард намуда, ба харидорон пешниҳод менамояд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, технологияи дар корхонаи мазкур истифодашаванда дар минтақаи Осиёи Марказӣ беназир аст. Корхонаи бунёдшаванда аз ҷиҳати истеҳсоли равғани тозаи баландсифат, аз рӯи шумор 26-умин коргоҳи муосири равғанбарорӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар коргоҳ дар раванди насби таҷҳозотҳои истеҳсолӣ, ҳамзамон корҳои ободонӣ идома доранд.

Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, корхонаҳои хурду калони саноатии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2019 54 намуд молҳои воридотивазкунанда истеҳсол намудаанд. Инчунин дар натиҷаи дастгирӣ ва андешидани чораҳои амалӣ дар ин давра 9 адад корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи соли гузашта низ ба фаъолият шурӯъ намуда, аз тарафи онҳо ба маблағи 186,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Ин омил баҳри ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар умум, давоми семоҳаи аввали соли равон баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, номгӯи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ афзуда, аз ҷониби 10 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷа содирот карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беш аз 500 иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дошта бунёд, таъмиру навсозӣ мегарданд. То имрӯз аз шумораи умумии иншоот, наздики 200 иншоот бо таъсиси 1000 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Имрӯзҳо дар маркази вилояти Суғд вусъати корҳои ободониву созандагӣ дучанд гардида, таваҷҷуҳи бештар ба таъсиси коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда равона гардида, ба он эътибори хоса дода мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво