19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Гулистон 180 иншоот бунёд ва беш аз 2300 ҷои корӣ таъсис дода мешаванд

523
Давоми соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бо 19 давлати ҷаҳон робитаи иқтисодӣ ба роҳ монда, аз теъдоди умумии 30 корхонаи фаъол 17-тои он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,7% то ба 830% расониданд.

Ҳамчунин баҳри рушду навсозии иқтидорҳои истеҳсолии иқтисодиёти шаҳр 572,8 миллион сомонӣ сармояҳо ҷалб карда шудаанд, ки аз он 530,0 миллион сомониашро сармояҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2018 раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба рӯзноманигорон баён дошт.

Ҳамзамон илова гардид, ки дар ин давра вазни қиёсии корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ давоми соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 3,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми се сол дар миқёси шаҳр ва ҷамоатҳои он 180 иншоот бо фарогирии 2300 ҷойи нави корӣ бунёду навсозӣ мегардад. Аз ин шумора давоми соли гузашта 40 иншоот, аз ҷумла 4 коргоҳи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 90 ҷои корӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин замина дар назар аст, ки дар арафаи ҷашни Навруз боз як коргоҳи нави истеҳсоли арматура бо фарогирии 100 ҷои кор ба истифода дода шавад.

Инчунин соли 2018 дар самти бунёдкориву созандагӣ дар миқёси маркази шаҳру ҷамоатҳои Гулистон 27 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ, ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 16 ва 6 дӯкони дӯзандагӣ бо 17 ҷойи кор ба истифода дода шуданд. Дар ин давра 8,7 км роҳҳои мошингард таъмири асосӣ, 21,5 км таъмири ҷорӣ ва 27,0 км шағалпӯш карда шудаанд.

«Ҳамзамон соли сипаригашта ба мавзеъҳои истироҳативу фароғатии соҳили «Баҳри тоҷик», чун осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» ва урдугоҳи «Шоҳин», ки дар як баст имкони қабули 2022 нафар истироҳаткунандаву табобатгирандаро доранд, расман 3862 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 27340 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ ташриф оварданд»,-афзуд шаҳрдори Гулистон Фирдавс Шарифзода.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво