21 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 6 коргоҳи дӯзандагӣ ва 5 корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардад

519
Дар вилояти Суғд ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, дар партави омодагиҳои сазовор ба истиқболи ин санаи хотирмон ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд низ сохтмони як зумра иншооти таъйиноти гуногун бомаром ҷараён доранд.

Имрӯзҳо аз ҷониби соҳибкорону масъулини мақомоти шаҳр доир ба иҷрои нуктаҳои асосии дар Паёми Пешвои миллат зикргардида, аз ҷумла, дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ, саҳмгузорӣ дар раванди ободониву созандагӣ иқдомҳои наҷибе роҳандозӣ мегарданд. Алҳол дар ҳудуди шаҳр сохтмони боз ду корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ҷараён дорад.

Яке аз ин корхонаҳо ҶДММ «Тоҷфилиз» маҳсуб шуда, дар ояндаи наздик дар он маҳсулоти ниёзи сохтмонӣ, чун мехи печдор (саморез), мехи оддӣ, шуруп ва сим истеҳсол карда мешавад. Ба иттилои масъулин, дар ин корхона 100 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, маҳсулоти истеҳсолшаванда барои конеъ сохтани талаботи бозори дохилӣ нигаронида шудааст.

Корхонаи дигари бунёдшаванда истеҳсоли уребчаҳо ва қоғаз барои ташнобро ба роҳ хоҳад монд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона 50 нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Айни замон ба корҳои сохтмонии ду иншооти муҳими саноатӣ зиёда аз 50 нафар сохтмончиён ҷалб гардидаанд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар миқёси шаҳр 7 иншооти иҷтимоӣ ва дар умум то имрӯз 25 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд. Инчунин соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 191,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ҳоло аз шумораи умумии маҳсулоти аз ҷониби корхонаҳои шаҳр истеҳсолшаванда 30 намудаш маҳсулоти воридотивазкунанда маҳсуб мешавад.

Дар умум, дар доираи нақша чорабиниҳо оид ба рафти корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Бӯстон бунёд ва таъмиру таҷдиди 165 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла, 6 коргоҳи дӯзандагӣ ва 5 корхонаи истеҳсолии дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда маҳсубшуда, дар назар дошта шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар вилояти Суғд дар давоми се сол, яъне то соли 2021 бунёду ба истифодадиҳии 300 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво