26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пагоҳ дар Душанбе Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» доир мегардад

508
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 14 майи соли равон дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе нахустин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд, баргузор мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивали мазкур «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» ном дошта, дар он сарояндагону навозандагон, донишҷӯён ва ҳунармандони ҷавон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд, аз ҷониби Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и Кумита роҳандозӣ шудааст. Ҳадаф аз он мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон, ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар ва тақвият додани ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам мебошад.

Фестивали ҷавонон соати 18:00 оғоз мегардад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво