24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Ваҳдат саодати миллат аст» ва «Шоми истиқлол»- ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Ваҳдат

1001
Дар боғи фарҳангии шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Ваҳдат саодати миллат аст» ва «Шоми истиқлол» ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Ҷамъомад бо ташаббуси донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ташкил гардида, дар он дастовардҳои донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд.

Раиси созмони ҷавонони Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Саодат Ҳоҷибоева иброз намуд, ки донишҷӯёни коллеҷ бо баргузории ин ҳамоиш ҷавонону наврасони шаҳрро ба роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ободкориву созандагӣ, ватанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии кишвар даъват намуданд.

«Силсилачорабиниҳои фарҳангие, ки аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбии шаҳр бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ доир гардида истодааст, бо мақсади мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо мебошад»,-гуфт мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Ваҳдат Ҳикматулло Розиқов.

Донишҷӯён бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар дар назди ҳозирин дар васфи Ватан, сулҳ ва ҷавонмардӣ шеърҳо қироат намуданд. Ҳамчунин барномаи фарҳангие, ки аз ҷониби онҳо пешкаши сокинон гардид, хеле ҷолиб ва хотирмон арзёбӣ гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво