26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти 30 корхонаи истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо доир мешавад

467
Рӯзҳои 1, 2, 3, 4 майи соли равон дар МД «Кохи Борбад» дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» намоиш-фурӯши маҳсулоти зиёда аз 30 корхонаи истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноат хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳо иштирок хоҳанд намуд.

Дар намоишгоҳ корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокӣ намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд.

Ба иттилои манбаъ, онҳое, ки аз намоишгоҳ-фурӯши мазкур боздид менамоянд, имконият доранд маҳсулоти писандидаашро интихоб ва дар арафаи моҳи шарифи Рамазон онро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво