5 октябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Наврӯз фарҳанги тоҷикон аст! Назаре ба суннатҳои наврӯзӣ дар Бадахшон

688
Миёни тамоми идҳое, ки дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд, шояд куҳансолтарин ҷашн барои одамизод Наврӯзи хуҷастапай бошад. Воқеан, агар ба таърихи ҷашну идҳо назар афканем, мебинем, ки аксари онҳоро одамон бо судури фармоне баровардаву расм кардаанд. Вале Наврӯз ҷашни қадимтарин барои мардум аст ва он маҳз аз табиат бардошта шудааст, яъне айёмест, ки шабу рӯз баробар мешаванд. Дар робита ба бузургӣ ва шаҳомати Наврӯзи Аҷам сардори кафедраи забонҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Давлатшоева андешаҳои хешро ба чунин баён дошт:
 Наврӯз фарҳанги тоҷикон аст! Назаре ба суннатҳои наврӯзӣ дар Бадахшон
Ҷашни Наврӯзи Аҷам мисли дигар дастовардҳои ёдгории миллати мо дар масири таърих борҳо дучори таъқибу таҳдиди аҷнабиён қарор гирифта, то ба замони мо омада расидааст. Наврӯз бахше аз фарҳанги тоҷикон аст, аз ин рӯ мардуми тоҷик дар ҳама давру замони душвор ва пур аз офатҳо аз таҷлили ҷашни зебои ниёгонамон-Наврӯзи оламафрӯз даст накашида, баръакс барои побарҷо мондани расму ойинҳо ва суннатҳои деринаи Наврӯз кӯшиш мекарданд.

Ҳар гоҳ, ки мо ёди Наврӯз мекунем, орзуҳои нахустини таърихи ниёгонамон ба хотир меоянд. Ин ҳамон паёмест, ки тору пуди тамоми пайвандҳои моддиву маънавии аҷдоди деринсоли моро то ба имрӯз танида, пуле байни ҳаёти муосиру гузаштаи дури мо сохта, тавассути он бо фарҳанги волою маънавиёти пурғановати таърихи тамаддунамон шинос мешавем ва бо ҷашни Наврӯзи фархундапай суннати деринаи худро таҷлил менамоем.

Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони Наврӯз таърихи куҳан доранд. Яке аз ин ойинҳо гулгардонист.

Гулгардонӣ суннати фарҳангӣ аст ва таърихи хеле қадим дорад. Он дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон аз замонҳои қадим бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос мегузашт. Ибтидо бачаҳо ба хонаҳо гул мебурданд. Он гул аз даст ба даст мегузашту бачаҳо тоқии гулдӯзиро аз ҳадяҳои наврӯзӣ пур мекарданд. Он рӯз рӯзи шодмонии тамоми мардум буд. Калонсолон бо меҳру ихлос гули наврӯзиро бӯсида, ба рӯю абрӯ мемолиданд. Ин ихлосмандиҳо то ҳанӯз идома доранд, зеро мардум эътиқод бар он мекунанд, ки ҳаркӣ рӯзи соли нав бардаму солиму хурсанд аст, то соли дигар чунин хоҳад монд. Байни ҷавонон «Гулгардонӣ» ранги дигар дошт. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ба деҳоти ҳамсоя гул мебурданд. Ё дар ҷойи муайяне аз маҳаллаву деҳи худ мизбонони ҷавон меҳмонони ҳамсояи хешро қабул мекарданд. Рӯ ба рӯи ҳам менишастанду чанд тан аҳли фазл ҳакам мешуданд. Байни ҷавонони ду деҳа баҳси илмӣ оғоз мегардид. Аввалан шеърҳо дар васфи Наврӯз ва баҳор хонда мешуданд, таронаҳои наврӯзӣ, ки асосан дар айёми Наврӯз суруда мешуданд ва ғояи асосии рубоиву таронаҳои наврӯзӣ- ин муқобилгузории фаслҳои зимистону баҳор мебошад, сароида мешуданд. Инчунин байни гурӯҳҳо байтбарак шуда, дар ҳама боб ҳунар меварзиданд. Хулоса, агар мизбонон базмро мебохтанд, меҳмононро зиёфат медоданд ва агар баръакс, мизбонон саллаву ҷомаи меҳмононро моли худ мекарданд.

Ойини дигари Наврӯз ин хонабаророн аст, ки мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯзи фархундапай тамоми лавозимоти манзилашон, кӯрпаву гилемҳоро аз хонаҳо берун бароварда, офтоб дода метаконанд, хонаҳоро тозаву озода намуда, хушбӯй мекунанд, то дар хона ягон чизи ношуста намонад. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву бахту иқболи нав аст.

Расми дигари Наврӯзи Аҷам ин ҷуфтбаророн аст, ки дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус дар Бадахшон то ҳол то фарорасии ҷашни Наврӯз барпо мегардад. Ин маросими неки наврӯзӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Деҳқонон таҳти роҳбарии деҳқони ботаҷриба дар хонае ҷамъ меоянд ва як навъ хӯроки миллӣ омода мекунанд (дар Бадахшон онро боҷ мегӯянд, ки аз каллаву почаи гӯсфанд бо гандуми нимкӯфта ва боқило пухта мешавад). Сипас ба сари замин рафта, бобои деҳқони солхӯрда ба шохҳои барзаговҳо равған мемолад ва ба сари барзаговҳо орд мепошад, ки равғану орд рамзи сериву пурӣ ва фаровонии ҳосил дониста мешаванд. Мӯйсафеде бо нияти фаровонҳосилӣ донаи умед ба замин мепошад. Аз ҳамин рӯз кори бобои деҳқон оғоз мешавад.

Маъракаҳои наврӯзӣ дар ҷойҳои муайян гузаронида мешуданд. Одамон дар базмгоҳ ҷамъ мешуданд, хӯрокҳои болаззат мепухтанд, шоирон шеър мегуфтанду қиссахонон қисса. Дар гӯшае паҳлавонон гӯштин мегирифтанд, ҷойи дигар ҷавгонбозӣ мекарданд.

Суннати дигари наврӯзӣ, ки ҳанӯз аз рӯзгори пешиниён вуҷуд дошт, ин маросими «Дарахти Наврӯз» буд. Мардум пеш аз он ки ба наврӯзгоҳ биёянд, белу каланд гирифта, ниҳол мешинонданд ва ин маросим чанд рӯз идома меёфт. Имрӯз низ ин анъанаи нек идома дорад.

Аз мутолиаи сарчашмаҳо оид ба Наврӯзи Аҷам бармеояд, ки дар ҷашни Наврӯз аз суннатҳои марбути он ранги сафед дар ҷойи аввал меистодааст. Мардуми мо дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кору покӣ шуморида, дар интихоби ғизо, ашёи хона, либос ба ранги сафед афзалият медоданд. Кӯшиш мекарданд, ки ҳарчи зудтар ин ранг дар Наврӯз ба назар расад ва онро фоли нек медонистанд. Шоҳони сосонӣ субҳи рӯзи Наврӯз бози сафедро ба ҳаво сар медоданд ва субҳи Наврӯзро бо нӯшидани шир оғоз мебахшиданд. Ранги сафед то ба имрӯз яке аз муҳимтарин рангҳои рамзноки ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад. Дар Бадахшон субҳи Наврӯз ҳатман ширбиринҷ, ширравған, ширбат омода мешавад ва онро дар табақҳо гирифта, ба наврӯзгоҳ мерафтанд ва бо ҳам тановул мекарданд. Дар вақти ба хонаи ҳамдигар омадан дар Бадахшон соҳибхоназан дар сар рӯймоли сафед мебандад ва дар китфи меҳмон бо дасти рост орд мепошад. Орд рамзи сафедӣ ва осоиштагиву хушбахтӣ дониста мешавад.

Хулоса, бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз дар пояи илм устувор аст ва муборак доштану таҷлили он иборат аз шодмониву осудагӣ хостан барои тамоми одамизод аст. Пас моро зарур аст, чун одату суннати пешинаамон ба баҳори нав, баҳри таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, ки оғози соли тақвими ориёист, бо қадамҳои устувору бунёдкор, азму иродаи нав қадам ниҳода, дар шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. Бошад, ки Наврӯзи дилафрӯз ба кошонаи ҳар яки мо файзу баракати зиёдато кунад.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,
Наврӯзатон фирӯз бод!

Шаҳлои САДРИДДИН

АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво