26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Симои зан–модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ мегардад

674
5 марти соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар намоиши «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар намоиш аз фонди захиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 30 асари рассомон ва 8 нимпайкараи ҳайкалтарошони наслҳои гуногуни тоҷик ба намоиш гузошта мешаванд. Дар асарҳо симои зан–модар, ки аз тарафи рассомон дар солҳои гуногуни асри ХХ офарида шудаанд, ифода ёфтаанд. Ҳар як асар нақши зани тоҷикро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос менамояд.

Дар намоиши мазкур асарҳои нодири рассомони барҷаста, аз қабили А. Ҳайдаров «Симои Гуландом Сафаралиева», «Симои Зебо Аминзода», «Симои М. Исоева дар нақши Гертруда аз намоишномаи Ҳамлет», «Арӯс», А. Умаров «Модар», И.Л. Лисиков «Симои Зебуниссо Рустамова», А.Н. Камелин, «Симои Зебуниссо», П. П. Бенков «Духтари дуторнавоз», А.Т. Бесперстов «Дӯзанда Зиёда» ба тамошо гузошта шудаанд.

Ҳамзамон дар доираи намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявии «Инъикоси таърихи занони Тоҷикистон дар асарҳои олимон» баргузор мегардад.

Бояд зикр намуд, ки намоиш «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» то 15 марти соли равон идома меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво