18 май 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намоиши асарҳо дар мавзӯи ваҳдат

631
Дар муассисаи фарҳангии Арт-галереяи «Сомониён»- шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон ва 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ» намоиши мусаввараҳо доир гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар намоиш Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, раиси Иттифоқи рассомони вилоят Насиба Эшонова, Рассоми халқии Тоҷикистон Комил Ёдгоров ва дигарон оид ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон сухан карданд.
Намоиш то охири моҳи май идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд аз он боздид кунанд.
Зикр гардид, ки намоиши мусаввараҳо таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ» бо мақсади ба намоиш гузоштани асарҳои мусаввирии ҷавонон баргузор гардида, ҳамаи асарҳои намоишӣ дар мавзӯи ҷавонӣ ва Ваҳдат офарида шудаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво