29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКИСТОН- КИШВАРИ РӮДҲОИ ТИЛЛОӢ»! Бори аввал дар осорхонаи Гимеи шаҳри Париж ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон намоиш дода мешаванд

782
«Тоҷикистон-Франсия: ҳамкорӣ дар соҳаҳои бостоншиносӣ ва осорхонасозӣ»-таҳти чунин унвон пагоҳ, 19 сентябр, соати 9:00 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар ҳамоиши илмӣ дар баробари баррасии ҳамкории минбаъдаи бостоншиносони Тоҷикистону Франсия, инчунин омодагиҳо ба ташкили намоиши ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии санъати шарқ-Гимеи шаҳри Париж низ муҳокима мегарданд.

Тавре ҷонишини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ғафуров иброз намуд, конференсия бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, инчунин дастгирии Сафорати Франсия дар Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиши илмӣ гурӯҳи калони бостоншиносон, кормандони осорхонаи Гимеи шаҳри Париж ва бостоншиносони тоҷик иштирок карда, дар бораи 35 соли ҳамкории бостоншиносони Тоҷикистон ва Франсия дар Саразм: тадқиқоти бунёдӣ дар водии Зарафшон, тадқиқоти нави олимони Франсия ва Тоҷикистон дар ёдгории эллинии Тахти Сангин маърӯза хоҳанд кард.

Абдулло Ғафуров ҳамкории бостоншиносони ду давлатро, ки аз соли 1984 оғоз гардидааст, дар сатҳи баланд арзёбӣ карда, гуфт: «Чунин ҳамкории судманд байни олимони ду кишвар то имрӯз дар ёдгории Саразм-иншооти мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО идома дорад. Саҳми бостоншиносони франсавӣ дар таҳқиқ ва омӯзиши ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакенти қадим ва Саразми бостонӣ хеле калон аст. Имрӯз онҳо ҳамчунин дар таҳқиқи яке аз ёдгориҳои машҳури Тоҷикистон- Тахти Сангин низ иштирок доранд».

Бояд зикр намуд, ки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ бо Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонида, дар доираи он ҳамасола бостоншиносони Франсия якҷоя бо бостоншиносони тоҷик дар Саразм тадқиқот мегузаронанд. Онҳо усулҳои нави бостоншиносиро дар Тоҷикистон амалӣ мекунанд, ки ин барои баланд бардоштани савияи касбии бостоншиносони ҷавон кумак мерасонад.

Дар ин давраҳо аз тарафи бостоншиносони франсавӣ дар бораи тадқиқот бо забонҳои франсавиву англисӣ дар маҷаллаҳои аврупоӣ чандин асарҳо дар бораи таъриху фарҳанги тоҷик нашр гардид, ки ба воситаи онҳо ҷаҳониён аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик маълумот пайдо карданд.

«Натиҷаҳои ҳамин ҳамкории самарабахш буд, ки бори аввал соли 2019 дар яке аз калонтарин осорхонаҳои дунё-Осорхонаи миллии санъати шарқ-Гимеи шаҳри Париж намоиши ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон -кишвари рӯдҳои тиллоӣ» доир мегардад, ки ин барои Тоҷикистон комёбии бузург аст.

Дар намоиш ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихи Тоҷикистон, асосан ёдгориҳо аз Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллиии Тоҷикистон интихоб шудаанд ва барои маъраз ба шаҳри Париж бурда мешаванд»,-гуфт Абдулло Ғафуров.

Зикр шуд, ки ёдгориҳое, ки ба шаҳри Париж бурда мешаванд, аллакай интихоб ва рӯйхат шудаанд. Ҳоло масъалаи чӣ гуна боэҳтиёт ба Франсия расондан ва ба маърази тамошо гузоштани ин ёдгориҳо баррасӣ шуда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихиву фарҳангии худро борҳо дар осорхонаҳои калон, аз ҷумла Германия ва Япония ба намоиш гузошта буд. Вале дар чунин сатҳи баланд ва дар шакли васеъ бори аввал аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво