8 октябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад

183
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавадТавре чанде пеш иттилоъ дода будем, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, рӯзномаҳои давлатӣ ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон менамояд.

Мақсади асосии фестивал-озмун тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, дарёфти муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он, инчунин ҳавасманд гардонидани онҳо мебошад.

Интихоби беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра), ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифӣ дар васфи Ватан, дастовардҳои миллӣ, табиати нотакрор ва мавзеъҳои сайёҳӣ дар як давр бо роҳи арзёбии маводи пешниҳодгардида аз ҷониби ҳакамони фестивал-озмун анҷом дода мешавад.

Фестивал-озмун аз моҳи апрел то охири октябри соли 2024 гузаронида мешавад. Мавод тавассути почтаи электронии ozmun@khovar.tj то охири моҳи октябр қабул карда мешавад. Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) ё ба забони русӣ таҳия шуда бошад. Барои арзёбии маводи ба фестивал-озмун пешниҳодшуда ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои масъул ва сармуҳаррирони маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

Мавод ба фестивал-озмун бояд дар шакли чопӣ ва электронӣ (шрифти Palatino Linotype 14 дар формати А4 ба андозаи аз 2 то 5 саҳифа), видеоролик дар ҳаҷми 3-5 дақиқа, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ дар ҳаҷми то 15 дақиқа ирсол карда шавад.

Маводи беҳтарини ба озмун пешниҳодшуда баъди баҳогузорӣ аз ҷониби АМИТ «Ховар» ва нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб карда мешавад.

Комиссияи фестивал-озмун номи 12 ғолиби озмун: се ғолиб дар номинатсияи «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)» (ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм), се ғолиб дар номинатсияи «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ» (ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм), се ғолиб дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ» (ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм) ва се ғолиб дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ» (ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм)-ро эълон менамояд.

Иштирокчиёне, ки ғолиб мегарданд, аз рӯйи номинатсияҳо бо мукофоти пулӣ ва диплому сипосномаҳо ҳавасманд гардонда мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: 888-08-34-04, 238-54-23

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво