БЕҲТАРИН СУБЪЕКТҲОИ ХИЗМАТРАСОНИ САЙЁҲӢ. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон менамояд![]() ![]() Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Сомонаи беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ» ва «Беҳтарин роҳбалад» гузаронида мешавад. Дар озмун 3 ҷой дар ҳар номинатсия (ҷои якум-1 нафар, ҷои дуюм -1 нафар ва ҷои сеюм -1 нафар) муайян шуда, ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз мегарданд. Инчунин нафароне, ки дар озмун фаъолона иштирок варзида, дар ташкили он саҳм мегузоранд, бо сипоснома қадрдонӣ мешаванд. Талабот ва шартҳои иштирок дар озмунро тариқи https://cloud.mail.ru/public/Ksn8/ivoLAjbsb дарёфтан мумкин аст. Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3 ё тариқи телефонҳои (+992 37) 227 87 03 муроҷиат намоянд. Муҳлати охири ҳуҷҷатсупорӣ 15 сентябри соли 2023. АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |