27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд

117
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шудандБа истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40- и ноҳияи Кушониён 4 синфхонаи иловагии муҷаҳҳаз бо аёнияти таълимӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён хабар медиҳад.

Синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён ва кумитаи падару модарони ин муассиса бунёд шуда, туҳфаи арзишманд ба хонандагони ин макони илму маърифат мебошад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳия ба сокинони деҳа барои пеш гирифтани чунин ташаббуси наҷиб изҳори сипос намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво