25 май 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Левакант майдончаи варзишӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд

39
Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант панҷ синфхонаи иловагӣ ва як майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Левакант ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон иштирок доштанд. Масъулин бо шароиту имконияти таълимгоҳ шинос шуда, ба ташаббускорону бунёдгузорон изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки синфхонаҳои иловагии назди МТМУ №5 барои 250 ҷойи нишаст дар ду баст ва майдончаи варзишӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, саҳми кумитаи падару модарон ва сокинону шахсони саховатпешаи деҳаи Хуррамдеҳ мавриди истифода қарор гирифта, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизу курсӣ ва дигар лавозимот ҷиҳозонида шуд.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво