6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид

90
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид25 март Сайид Умари Маъсум – ҳунарманди волосалиқа ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик, ки дар Олмон кору сукунат дорад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз маҳсулҳои ҳунари волои худ – тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсан тақдим намуд.

Ин ҳунарманди хушсалиқаи тоҷик, ки солиёни дароз дар Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ кору зиндагӣ мекунад, бо нимпайкара, ҳайкали комил ва тандису дигар ҳунарҳои зебои худ симои бисёре аз сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонро таҷассум намуда, чанде пеш бо ташаббусу ибтикори шахсии хеш тасмим гирифтааст, ки симои Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро офарида, шахсан тақдим намояд.

Тавре ки Сайид Умари Маъсум худ баён медорад, солҳои зиёд ӯ орзу доштааст, ки бо ҳунари волояш ба Тоҷикистону мардуми фарҳангсолори тоҷик хизмат намояд ва имрӯз зимни суҳбат бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои кору эҷод дар Тоҷикистон гуфтугӯ карда, ба оғози ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво