29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси шаҳри Душанбе ба муштзани маъруфи тоҷик Шавкат Раҳимов калиди хонаи 2-ҳуҷрагиро дар пойтахт тақдим намуданд

149
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муштзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF (Федератсияи Байналмилалии Бокс), дастпарвари МД «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс»-и шаҳри Душанбе Шавкат Раҳимовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Раиси шаҳри Душанбе ба муштзани маъруфи тоҷик Шавкат Раҳимов калиди хонаи 2-ҳуҷрагиро дар пойтахт тақдим намуданд
Раиси шаҳри Душанбе ин варзишгарро барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF таҳният гуфта, ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе ба ӯ калиди хонаи 2-ҳуҷрагӣ дар пойтахтро тақдим намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Шавкат Раҳимов 5 ноябр дар шаҳри Абузабӣ-пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро мағлуб намуда, бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик унвони қаҳрамони IBF-ро соҳиб гашт.

Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар барои омодагӣ дидан ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба ӯ барору музаффарият таманно карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво