18 август 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд

127
4 август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози суҳбат салому эҳтиром ва орзуҳои неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷаноби Сайид Иброҳим Раисӣ расонида, гуфт, ки “мехоҳам ба Шумо ва роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон барои даъвати ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон ва истиқболу пазироии самимона изҳори минатдорӣ намоям”.

Зикр шуд, ки “густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳарду давлат дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозанд, ки ба ҳамкории судманд ҳарчи бештар рушду густариш бахшем”.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Бо ин ҳадаф миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Гурӯҳи дӯстӣ ташкил шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво