27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Лондон аз рӯйи нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд

50
Дар Лондон аз рӯйи нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шудДар Донишгоҳи SOAS-и шаҳри Лондон аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Британия зери унвони «Рӯдакӣ- падари шеъри форсӣ, дарӣ/тоҷик» барномаи илмӣ- фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он аз рӯйи нимпайкараи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Эмомалӣ ба барнома ҳусни оғоз бахшида, ду профессори донишгоҳи SOAS сухан гуфта, нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ намуданд.
Дар Лондон аз рӯйи нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд
Дар ҷамъомад президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Дагихудо Дагиев, Отамбек Мастибеков, Гулсифат Шаҳидӣ, Фирӯза Абдуллоева-Мелвилл, инчунин корманди донишгоҳи SOAS Наргис Фарзод ва Ҷеймс Вайт аз Оксфорд оид ба шахсияти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва осори шоир сухан гуфтанд.
Дар Лондон аз рӯйи нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд

Сипас дар Театри «Brunei gallery lecture» барномаи фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он теъдоде аз алоқамандон ва донишҷӯён аз саросари Британия иштирок доштанд.

Дар барнома ҳунармандони Тоҷикистон аз ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ суруд хонданд, ки мавриди истиқболи ҳозирин қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки дар таърихи дипломатия ва фаъолияти фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аввалин барномаи таъсиргузор аст, ки дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи SOAS дар Лондон баргузор шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво