20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ПОСИ ХОТИРИ «ОДАМ-УШ-ШУАРО». Дар Москва нимпайкараи Абуабдулло Рӯдакӣ гузошта шуд

383
Дар Москва, дар Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов маросими ифтитоҳи нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, шоири барҷастаи асри миёнаи Шарқ Абӯабдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ректори Донишгоҳи давлатии Москва Виктор Садовничий, директори Институти кишварҳои Осиё ва Африқои ДДМ Игор Абилгазиев, Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Федератсияи Россия Меҳдӣ Саноӣ, мушовир-фиристода, кордори муваққатии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Федератсияи Россия Моҳтаат Ҳумоюн, мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шараф Раҳимов, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Москва ширкат варзиданд.

Дар расми ифтитоҳи нимпайкараи Устод Рӯдакӣ ректори ДДМ академик Виктор Садовничий аз ҷумла иброз дошт: «Падари шеъри форсӣ» дар ташаккули фарҳанги тамоми минтақа нақши бузург бозидааст. Ӯ мардумон ва фарҳанги минтақаро муттаҳид сохт. Эҷодиёти ӯ, шеърҳо, достонҳо ва қасидаҳояш ҷовидонаанд ва барои ин халқҳо ва тамоми фарҳанги ҷаҳонӣ муҳим мебошанд».



Дар охири маросими тантанавӣ донишҷӯёни кафедраи филологияи эронии Институти кишварҳои Осиё ва Африқо аз ашъори Рӯдакӣ бо забони форсӣ шеърҳо қироат намуданд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз,

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон,

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд…




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво