29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Кӯлоб муҷассамаи устод Рӯдакӣ дубора қомат афрохт

676
Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ субҳи имрӯз дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири забардаст, султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки донишгоҳи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, қомат афрохт.

Дар ҷамъомаде, ки бо ин мақсад доир гардид, раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллоҳ Амонуллоҳ, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдулло Ҳабибулло, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев, шоирону нависандагон, роҳбарону мудирони макотиби олию миёнаи шаҳр, инчунин донишҷӯён ширкат доштанд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллоҳ Амонуллоҳ дар назди иштирокдорони ин ҷамъомад дар бораи аҳамияти осори Рӯдаки барои миллати куҳанбунёди тоҷик ибрози андеша намуд. Номбурда, аз ҷумла, зикр кард, ки осори устод Рӯдакӣ дар замони имрӯза, пеш аз ҳама, дар тарбияи ҷавонони мамлакат, дар дӯст доштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, доро шудан ба хислатҳои неки инсонӣ нақши муассир дорад.

Дар ҷамъомад ҳамчунин ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдулло Ҳабибулло зикр кард, ки осори Рӯдакӣ на танҳо барои таълиму тарбия, балки барои ба вуҷуд овардани дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ низ ба манфиат хоҳад буд.

«Қомат афрохтани муҷассамаи Устод Рӯдакӣ дар назди донишгоҳи мо шаҳомати ин даргоҳро афзуда, он ҳидоятест ба донишҷӯёну сокинони шаҳр, ки мисли устод Рӯдакӣ ҳамеша тараннумгари андешаҳои инсонпарварона ва номбардори миллат бошанд », — афзуд А.Ҳабибулло.

Ёдовар мешавем, ки баъди сохтмони бинои нави ҳафтошёнаи Донишгоҳи давлати шаҳри Кӯлоб ҳайкали устод Рӯдакӣ баъди навсозӣ дубора дар назди ин донишгоҳ қомат афрохт.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолони донишгоҳ, ки дар баланд бардоштани таълиму тарбия саҳм гузоштаанд, ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво