27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд

62
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон самимона табрик гуфтанд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ намуданд.

Дар ин зимн ҷараёни устувори рушду тавсеаи маҷмуи муносибатҳои шарикии ду давлат бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид гардид.

Ба ин манзур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ду мамлакатро таъкид намуда, аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлати мо ба Покистони дӯст ва мардуми шарифи он сулҳу амонӣ, некрӯзӣ ва шукуфоии пойдор орзу намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво