16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд

170
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд12 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии моро ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бипазиред.

Итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин вазифаи сермасъули давлатӣ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Покистон, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлонро касб карда, идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.

Мо раванди рушди робитаҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва алоқаманди боз ҳам ғанитар гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Дар ин замина омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода изҳор менамоям.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми бародари Покистон сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоӣ орзумандам».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво