6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

176
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат натиҷаҳои интихоботи президентии дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузоргардида мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои нави беназир дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Шавкат Мирзиёевро бо натиҷаҳои муваффақонаи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон самимона табрик гуфтанд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд. Ҷараёни устувори рушду таъмиқи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду давлат қайд карда шуд.

Дар ин зимн президентҳо алоқамандии тарафайнро ҷиҳати идомаи амалҳои муштарак дар маҷрои таҳкими минбаъдаи муносиботи ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Узбекистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародар таъкид карданд.

Президентҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлати мо ба Узбекистони дӯст ва мардуми шарифи он сулҳу амонӣ, некрӯзӣ ва шукуфоии пойдор орзу намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво