26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафари кории Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон

343
Сафари кории Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон

Вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вобаст шудаанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ баён доштанд, имрӯз Раиси Кумита Мирзозода Низом Юсуфӣ бо муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло ва раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос гардиданд.
Сафари кории Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон

Сафари корӣ аз даромадгоҳи ноҳия оғоз гардида, барои ободонии ҳудуди дарвозаи ноҳия, бартараф намудани биноҳои сарироҳӣ, ободонии купруки даромадгоҳи ноҳия, бунёди лавҳаи “Қаҳрамонҳои Тоҷикистон”, рангубори биноҳои истиқоматии шаҳрвандон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баъдан гурӯҳи корӣ аз вазъи Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуда, барои таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ва мустаҳкам намудани базаи истеҳсолии он, мақсаднок истифода бурдани заминҳои ҳудуди литсей, беҳтар намудани сифати таълим ба роҳбарияти литсей дастуру тавсияҳо дода шуд.
Сафари кории Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон

Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар иншоотҳои сохташудаистодаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва дигар иншоотҳое, ки аз тарафи соҳибкорон бунёд шуда истодаанд, Раиси Кумита барои бо сатҳу сифати баланд дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супоридани онҳо фармоишгар ва пудратчиёнро вазифадор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки барои сайругашт ва истироҳати сокинони ноҳия азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Раиси Кумита барои бунёди дарвозаи даромадгоҳи боғ бо санъати меъмории миллӣ, гузоштани муҷассамаи мутафаккири шарқ Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷойи бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон, суҳбатҷойҳо, амфитеатр барои гузаронидани чорабиниҳо ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин дастур доданд.
Сафари кории Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон

Баъдан аз рафти корҳои саҳроӣ, парвариши картошка ва пахта дар хоҷагии деҳқонии «Бобои Шоймардон», аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии Авазов Искандар дар ҷамоати деҳоти Калинин, аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир» дар ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон, парвариши клубника, тарбуз, карам ва дигар маҳсулоти полезӣ дидан намуданд.
Ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ баён доштанд, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо фаъолони ноҳия вохӯрии корӣ анҷом доданд.
Сафари кории Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон

Дар ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корӣ, ҷалби бештари фаъолон дар ҳалли масоили аҳамияти маҳаллидошта, ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ, вусъатбахшии раванди корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, истифодаи дурусти замин, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи дусолаи маводи хӯрока, вусъати кишту кори баҳорӣ, кишти такрорӣ, пешгирии баландравии нарху наво дар бозорҳо, ба тартиб даровардани кӯчаи асосии шаҳрак, насби шиору лавҳаҳои ҷашнӣ, ба роҳ мондани тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни Наврӯз, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, муовинонони раис, сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор карда шуданд.
Аз натиҷаи сафари гурӯҳи корӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, иҷроиши он дар муҳлатҳои муқаррагардида таъмин карда мешавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво