Вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон чӣ гуна аст?
361
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2020, №24/10-17 ҷиҳати бо таъсис додани ситодҳои дахлдор аз назар гузаронидани вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, барои то ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, амалӣ кардани тадбирҳои ободонии манзили зист, ҳудуди маҳаллаҳо, васею зебогардонии роҳу кӯчаҳо дар маҳал ба роҳ мондааст. Дар асоси дастури Роҳбари гурӯҳи корӣ ва супориши Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ситодҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо таъсис дода шудааст. Бо иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, Раиси ноҳия Саиди Ёқубзод ва ситоди корӣ рӯзҳои 19-23 апрели соли 2020 вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, корҳои ободониву созандагии аҳолии ҷамоатҳои деҳоти шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, Яккатут, Иттифоқ, Калинин, Ифтихор, Қадриддин Ғиёсов, 50-солагии Тоҷикистон ва Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз назар гузаронида шуда, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, амалӣ кардани тадбирҳои ободонии манзили зист, ҳудуди маҳаллаҳо, васею зебогардонии роҳу кӯчаҳо ва ғайра ба сокинон, соҳибмулкон ва раисони маҳаллаҳо тавсияҳо ва амрномаҳо дода шуд. Таъкид гардид, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд ҳар як оила манзили зист, кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои аҳолинишинро таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонад. Ҳамзамон оид ба вусъатбахшии раванди корҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ, пешгирии баландравии нарху наво дар бозорҳо, истифодаи оқилонаи замини мавҷудаи корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва истифодаи заминҳои бекорхобида ва ҳимоявӣ ба аҳолӣ дастуру тавсияҳо дода шуд. Инчунин доир ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат оид ба андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби комиссияи корӣ ва Ситоди ноҳиявӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони маҳаллаҳо гузаронида, чораҳои безараргардонии манзилҳои истиқоматӣ, корхонаҳо ва иншооти дигарро ба роҳ мондааст. Чунин вохӯриҳо бо аҳолӣ ва боздид аз хонаҳои сокинони деҳаҳо ҷиҳати амалигардонии корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи оқилонаи заминҳои мавҷудаи корам ва корҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти “Калинин” ва “50-солагии Тоҷикистон”, рӯзи 20 апрел дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳраки “Абдураҳмони Ҷомӣ” ва “Яккатут”, рӯзи 21 апрел дар ҷамоатҳои деҳоти “Қадридин Ғиёсов” ва “Иттифоқ”, рӯзи 23 апрел дар ҷамоатҳои деҳоти “Дӯстӣ” ва “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардиданд. Дар вохӯриҳо бо мардум ситоди корӣ усули хона ба хона ва суҳбатҳои сарироҳиро ба роҳ монда, ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, ҳамеша тозаву тамиз кардани манзили истиқоматӣ, ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои бемориҳои сироятӣ сари вақт муроҷиат кардан ба табибон суҳбатҳо гузарониданд. Инчунин ҳангоми боздид аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, Президентӣ ва наздиҳавлигии шаҳрвандон бо мардум ҷиҳати самаранок истифодабарии заминҳои корам, баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва таъмини амнияти озуқавории кишвар суҳбатҳо доир намуданд. Ҳамзамон муовини Роҳбари гурӯҳи корӣ рӯзи 20 апрели соли 2020 дар маҷлиси ҷамъбасти соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ширкат варзида, муроҷиати Пешвои муаззами миллатро, ки санаи 17 апрели соли равон зимни суханрониашон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳи кулли сокинони кишварро ба масъалаи бисёр ҳам муҳими рӯз ҷалб намуданд, ба самъи фаъолони ноҳия расонид. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Ҳукумати кишвар аз оғози сар задани ин бемории сироятӣ тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, то ки он дар кишвари мо паҳн нагардад ва ба мардуми мо сироят накунад. Бинобар ин, мо бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс, босабру таҳаммул бошем, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем, кишту кори баҳориро сари вақт ва босифат анҷом диҳем, зеро таъминоти ҳар як оила ва сатҳи зиндагиву рӯзгори сокинон бевосита аз заҳмати ҳаррӯзаи худамон вобаста аст. Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем. Ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода бурда, раванди созандагиву бунёдкорӣ, кишти баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшем. Таъкид карда шуд, ки дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем. Аз ҷониби Роҳбари гурӯҳи корӣ, роҳбарияти ноҳия, ситодҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, табибону омӯзгорон, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корӣ, ҷалби бештари фаъолон дар ҳалли масоили аҳамияти маҳаллидошта, ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ, баланд бардоштани масъулиятнокӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, вусъатбахшии раванди корҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ, пешгирии баландравии нарху наво дар бозорҳо, истифодаи оқилонаи замини мавҷудаи корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва истифодаи заминҳои бекорхобида ва ҳимоявӣ ба аҳолӣ, чораҳои безараргардонии манзилҳои истиқоматӣ, корхонаҳо ва иншооти дигар чораҳои зарурӣ андешанд. А.Сафарзода, махсус барои «РБ»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |