23 июл 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Туҳфаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ

30
Туҳфаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2019, №24/11-31 маълум менамояд, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 Раиси Кумита бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва назорати иҷрои корҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон вобаста карда шудааст.
Дар ин радиф, рӯзи 11 июли соли 2019 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, Раиси ноҳия Саиди Ёқубзод, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҷабзода Маҳмарасул ва фаъолону сокинони ноҳия маҷлиси васеи ҷамъбастӣ оид ба баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Нахуст, дар оғози ҷаласа, гузориши муовини якуми Раиси ноҳия Раҳимзода С. оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 шунида шуд.
Туҳфаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ
Сипас, Раиси Кумита дар баромади худ оид ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳои дарпешистода қайд намуд, ки дар давоми се соли дарпешистода моро зарур аст, ки дар ҳар як деҳот, маркази ҷамоатҳо ва шаҳрак бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо, ҳуҷраи махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти хизматрасониро вусъат диҳем.
Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав, аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода мешаванд.Туҳфаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳамчунин Раиси Кумита оид ба тарзи корбарии роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ ва раисони ҷамоатҳо ва бемасъулиятии онҳо изҳори нигаронӣ намуда, беҳбудии ҷиддиро дар фаъолият талаб намуд.
Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 155 иншоотро дар бар мегирад. Нақшаи мазкур бунёду азнавсозии иншоотро дар чор марҳила– солҳои 2018, 2019, 2020 ва 2021 пешбинӣ менамояд, ки амалӣ намудани қисмати асосии онҳо маҳз бо саҳму воситаҳои аҳолии ноҳия дар назар дошта шудааст.
Тибқи Нақшаи бунёду азнавсозии иншоот дар соли 2019 ба истифода супоридани 83 иншоот, соли 2020 – 36 иншоот ва соли 2021 – 28 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки амалӣ намудани қисмати асосии онҳо маҳз бо саҳму воситаҳои аҳолии ноҳия дар назар дошта шудааст.
Туҳфаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ
Гурӯҳи кории Кумита ҳар ҳафта ду маротиба аз вазъи ҳудуди маъмурии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуда, мушкилиҳои ҷойдоштаро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, ҳаллу фасл намуда истодаанд.
Ҳамзамон дар дар назди биноҳои истиқоматии 2-ошёнаи шаҳрак, воқеъ дар кӯчаи Сомониён 51 корҳои сохтмони бинои якошёнаи 24 адад сарой бо ду адад майдончаи бозии кӯдакон ва ҷойи нишасти калонсолон аз ҷониби ташкилотҳои системаи Кумита, аз ҷумла КВД ПИТ “Сохтмон ва меъморӣ”, ҶСК “Корезлоиҳа” ва ҶСК “Саноатсоз” ба анҷом расонида шуд, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Сокинони биноҳои истиқоматии мазкур барои саҳми арзанда гузоштан ва сохтмони иншооти барои аҳолӣ ниҳоят муҳим ба Раиси Кумита сиспосгузорӣ намуданд. Сохтмончиён ва фаъолони аҳолӣ бо сиспосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А.Ҷомӣ қадрдонӣ шуданд.
А.Аваз,
хабарнигори “РБ”







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво