26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АЛЛА-ИФШОГАРИ ОРЗУҲОИ МОДАР. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб озмуни «Суруди алла» доир гардид

240
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Модар ва баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорию омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Алла-ифшогари орзуҳои модар» озмуни «Суруди алла» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
АЛЛА-ИФШОГАРИ ОРЗУҲОИ МОДАР. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб озмуни «Суруди алла» доир гардид
Иштирокчиёни озмун аз иҷрои шартҳои он, ки аз либоспушонии тифл, гаҳвора кардани кӯдак, сароидани суруди алла ва пешниҳоди як ҳунари кадбонугӣ иборат буд, ба хубӣ баромада, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Озмуни «Суруди алла» бо фарогирии занону духтарони бахшҳои фарҳанг, китобхона, осорхона, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мактабҳои санъат ва мусиқӣ, ансамблҳои оилавӣ ва ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ду давр доир карда мешавад.

Даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳо аз 1 то 28 феврал гузаронида шуд. Даври дуюми озмун 6 март дар маркази вилоят- шаҳри Бохтар баргузор карда мешавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво