3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» дар Душанбе то 20 ноябр идома меёбад

428
17 ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маросими кушодашавии даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки то 20 ноябр идома меёбад, иттилоъ доданд аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Озмун аз рӯйи ҳафт номина дар 4 давр доир мегардад. Даври ҷамъбастии озмун аз 17 то 20 ноябр идома ёфта, маросими ҷоизасупорӣ дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор мешавад.

Дар маросими кушодашавии даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур Раиси комиссияи даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» Матлубахон Сатториён доир ба дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сухан карда, ба иштирокчиён дар даври ниҳоии озмун муваффақият таманно намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот гузаронида мешавад. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 350 нафар довталаб иштирок менамоянд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола баргузор карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво