27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Эмомалӣ Раҳмон сатҳи таваррумро дар бозори истеъмолии Тоҷикистон яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар ИДМ номиданд

107
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Паёми худ ба Парлумони кишвар сатҳи таваррумро дар бозори истеъмолии Тоҷикистон яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) номиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Пешвои миллат, сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон 4,2 дарсадро ташкил дод ва ин яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар ИДМ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш гардида истодааст.

АКС: скриншот аз пахши мустақим




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво