28 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Паём ба Маҷлиси Олӣ муроҷиат менамоянд

153
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ба Маҷлиси Олӣ бо Паём муроҷиат менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин маросим, ки дар «Кохи Сомон» баргузор хоҳад шуд, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Сарвазир ва муовинони ӯ, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, раисони вилоятҳо, намояндагони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигарон иштирок хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоранд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Паёми қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 ироа гардида буд.

АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво