Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир гардид
340
Имрӯз, 10 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якум ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар оғози кори ҷаласа доир ба тартиби кор, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзномаи он қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Бо пешниҳоди раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Фарҳод Раҳимӣ тартиби инъикоси кори ҷаласа тавассути воситаҳои ахбори омма тасдиқ гардид. Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласаи якҷоя аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии масъалаҳо шурӯъ карданд. Аз рӯи масъалаи рӯзномаи ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода доир ба фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод кардан ва таъйин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод. Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафдории тасдиқи фармонҳои зикргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона овоз доданд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тавассути меҳнати содиқона ва софдилонаи худ сазовори боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, ба мансабҳои олии давлатӣ ва пуршарафу масъулиятнок таъйин гардидаанд, самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо комёбиҳо таманно намуданд. Бо ҳамин ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум кори худро анҷом дод.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |