24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

522
Тамошои дастаҷамъонаи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Чанд лаҳза пеш дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум анҷом пазируфт
Дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум Паёми навбатии худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Тамошои дастаҷамъонаи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тамошои дастаҷамъонаи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ мустақиман пахш гардид.
Кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар қатори дигар вазорату ташкилотҳои ҷумҳурӣ Паёми Пешвои миллатро якдилона тамошо карданд.
Бояд қайд намуд, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолашон ба соҳаи сохтмон диққти махсус доданд. Президенти мамлакат қайд намуданд, ки- “Вобаста ба нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо рушди соҳаи сохтмон бараъло ба назар мерасад.
Тамошои дастаҷамъонаи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва сохтмон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд.
Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд».
Доир ба ин масъала Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад.
Дар робита ба ин Ҷаноби Олӣ Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбутаро водор намуданд, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд.
Тамошои дастаҷамъонаи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
-«Ҳамчунин, масъулонро зарур аст, ки барои таъмини рушди соҳаи сохтмон ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда ва омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд»,- таъкид намуданд Ҷаноби Олӣ.
Президенти мамлакат тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаландро барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон миннатдорӣ намуда, ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат намуданд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд.
Тамошои дастаҷамъонаи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси ОлӣТамошои дастаҷамъонаи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво