4 декабр 2022, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БОЯД ДАР КУҶО НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Меликова ин мавзўъро шарҳ дод

39
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БОЯД ДАР КУҶО НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Меликова ин мавзӯъро шарҳ додПарчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешавад. Чунин омадааст дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шудааст. Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагон Парвина МЕЛИКОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Парвина Меликова зикр кард, ки тибқи Низомнома Парчами давлатӣ ба ғайр аз маконҳои дар боло зикршуда, инчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Сарвазир, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяннамудаи ҳукумати ҷумҳурӣ афрохта мешавад.

«Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистон табодули афкор намуда, саҳми худро дар қабули Парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоштаанд»,-мегӯяд вакили мардумӣ.

«24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамз – Парчами давлатӣ гардид. Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсия Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.Пас аз таҳия ва баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 12 майи соли 2007 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуд, ки аз ду боб иборат аст”, -илова кард ӯ.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳоест, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Он эҳтиром ба рӯҳи Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мост. Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда, дирафшро ба миён овард. Имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам наметавон тасаввур кард. Шоире дар ин бобат хуб фармуда:

Ҳастии мо дар нишону Парчам аст,
Ҳар яке дар маънии худ олам аст.

Фахри миллат ҳаст Парчам дар ҷаҳон
Рамзи миллат ҳаст Парчам дар ҷаҳон.


София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Акс: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво