26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market London» муаррифӣ шуданд

444
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market London» муаррифӣ шуданд7 ноябр дар шаҳри Лондони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market London 2022» ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода бо шумули муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, инчунин намояндагони 12 ширкати хусусии ватанӣ дар самти сайёҳӣ ва пешбурди он иштирок доранд.

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market London» муаррифӣ шуданд


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market London» муаррифӣ шуданд


Намоишгоҳи «World Travel Market London» то 9 ноябр идома ёфта, дар он дар баробари Тоҷикистон зиёда аз 100 кишвари дигар имконятҳои сайёҳии худро ба маъраз гузоштаанд.

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market London» муаррифӣ шуданд


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market London» муаррифӣ шуданд


Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи мазкур аз соли 1980 инҷониб ҳамасола дар шаҳри Лондон баргузор гардида, бо ҷамъ овардани доираи васеи мақомоти рушди сайёҳии кишварҳо аз саросари ҷаҳон ва ширкатҳои сайёҳиву тиҷоратӣ ва ҳавопаймоӣ, барои истиқрори муносибатҳо ва рушди баъдии соҳа ҳамчун заминаи хуб хидмат менамояд.

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market London» муаррифӣ шуданд


АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво