18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Доираҳои тиҷорат ва сармоягузории Британияи Кабир бо имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос шуданд

303
16 феврал Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода дар ҷаласа оид ба имконоти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Тоҷикистон доир ба вазъи ҷории Тоҷикистон дар шароити ҳамагирӣ, ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир, инчунин имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, нақлиёт, бонкдорӣ, кишоварзӣ, энергетика, муҳити зист ва ғайра маълумот дод.

Дар ҷаласа намояндагони доираҳои тиҷорат ва сармоягузории Британияи Кабир ширкат намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво