29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Riyadh Travel Fair-2022» дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ шуд

241
Бори нахуст ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон иқтидору зарфияти туристии кишварамонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair-2022», ки аз 22 то 24 май дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ мегузарад, муаррифӣ менамоянд. Аз Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода роҳбарӣ намуда, ба ҳайат роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи миллӣ шомил мебошанд.

Дар гӯшаи сайёҳии кишвар иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии Тоҷикистон инъикос гардидаанд.

Намоишгоҳи сайёҳии Riyadh 2022 маъруфтарин намоиши минтақа маҳсуб шуда, ҳамчун платформа барои ҷорӣ намудани маҳсулоти туристӣ, хизматрасонӣ ва сармоягузориҳо аз ҷониби бузургтарин ширкатҳои сайёҳӣ дар саросари арзёбӣ мегардад.

Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ бо бахши сайёҳии Арабистони Саудӣ ва сармоягузорони ин кишвар баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Riyadh Travel Fair-2022» дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ шуд

Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар, бахусус дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair» яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои тақвияти ҳамкории ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Riyadh Travel Fair-2022» дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ шуд
Мҳз дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои кушод»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ мунтазам муаррифӣ менамоянд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво