27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИББИИ АВРУОСИЁ». Тоҷикистон бори аввал мизбони он гардид

100
«КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИББИИ АВРУОСИЁ». Тоҷикистон бори аввал мизбони он гардидИмрӯз дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» якумин «Конгресси байналмилалии тиббии давлатҳои Авруосиё» бахшида ба масъалаҳои афзалиятноки соҳаҳои ҷарроҳӣ, гастроэнтерология, мадҳушкунӣ-эҳёгардонӣ, радиология, бемориҳои занона ва дил баргузор гардид. Кори конгресс пагоҳ, 22 октябр низ идома меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пеш аз оғози конгресси мазкур намоишгоҳи муассисаҳои зерсохтори вазорат, ширкатҳои ватанӣ, ки ба истеҳсоли маводи доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахши ватанӣ машғуланд, доир гардид. Инчунин то оғози ҳамоиш ба таври мустақим ҷарроҳиҳои нодир бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ анҷом дода шуданд. Чароҳии мазкур бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ, ки яке аз усулҳои муосири ҷарроҳиҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, гузаронида шуданд.

Сипас, конгресси мазкур дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла баргузории семинарҳо ва мастер-классҳо оид ба ҷарроҳӣ, эндоскопия, радиология, ултрасонография, онкология, гастроэнтрология бо иштироки табибони варзидаи хориҷӣ ва ватанӣ идома ёфт.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво