24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар бораи тадриҷан кам шудани сироятёбии одамон аз COVID-19 хабар дод

335
Ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои COVID-19 30 май доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар кори он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Сараввал оид ба вазъи феълии бақайдгирӣ, муоина ва табобати беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар кишвар сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳисобот доданд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамуда, муайян гардид, ки рӯз то рӯз шумораи гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат коҳиш ёфта истодааст.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласаи ситоди Вазорат масъалаҳои назорати қатъии гирифторони бемории COVID-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили амиқ ва фаврии сироятёфтагон, таъмини табибон бо маводҳои муҳофизатӣ, муносибати кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо беморон, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, назорати қатъии тақсимоти маводҳои доруворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво