20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Роҳбарон ва кормандони якчанд муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе бар зидди COVID-19 эм карда шуданд

249
25 март роҳбарон ва кормандони якчанд муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе бар зидди бемории COVID-19 эм карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 март дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони якчанд муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва доираи васеи рӯзноманигорон маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон расман оғоз гардид.

Тибқи нақша, нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво