27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон сиёсати саноатикунонӣ босуръат татбиқ мегардад

169
Дар Тоҷикистон сиёсати саноатикунонӣ босуръат татбиқ мегардадАз 25 сентябр то 6 октябр бо ташаббуси Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) ва дастгирии техникии шарикони рушд, бавижа Созмони олмонии ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ) ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) намояндагони 25 корхонаи дӯзандагии Тоҷикистон, аъзои ИРБаХТ ба сафари омӯзишии амалӣ дар корхонаҳои дӯзандагии вилояти Намангони Узбекистон ҷалб гардиданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Наима Норматова.

Зимни сафари омӯзишӣ ҳайати Тоҷикистон дар маркази вилояти Намангони Узбекистон ба омӯзиши амалии дӯхти либоси варзишӣ ва куртаи мардона фаро гирифта шуд.

Сипас, намояндагони корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон, аъзои ИРБаХТ дар корхонаи «Ideal»- и вилояти Намангони Узбекистон ба дӯхтани пиҷаки мардона шурӯъ карданд.

Аъзои ИРБаХТ ҳамзамон аз корхонаи дӯзандагии куртаи мардона «Dreamliner textile»-и вилояти Намангон боздид намуданд.

Дар корхонаи дӯзандагии «Сhust textile»-и вилояти Намангон аз тарафи муассис Дилшод Исматуллоев барои шунавандагон оид ба ташкили низоми самараноки корбарӣ, шумораи амалиёт, раванди пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ аз маҳсулоти хом то моли истеҳсолшуда ва ҳамкорӣ миёни коргоҳҳо машғулияти амалӣ гузаронида шуд.

Дар доираи сафар бо мақсади дарёфт ва густариш додани ҳамкории тиҷоратӣ барои аъзои ҳайати Тоҷикистон имкон фароҳам оварда шуд, ки онҳо аз коргоҳҳои дӯзандагии Намангон, марказҳои савдо ва корхонаҳои истеҳсолӣ боздид ба амал оваранд.

Дар натиҷа ҳайати Тоҷикистон барои густариш додани тиҷорат бо шарики боэътимод аз Намангон бо ширкату корхонаҳои ин вилоят созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Аз ҷумла, КД «Сайёр»-и Тоҷикистон бо СИ «Муҳаммадҷон»- и Намангон оид ба таъмини матоъ барои дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ, ҶДММ «Файзи сайёр» бо СИ «Аҳмадҷон» оид ба таъмини матоъ барои дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ ва фурнитура, КД «Дирафрӯз» бо «Сhust textile» оид ба такмили ихтисоси кормандон ва ғайра.

Умед аст, ки таҷрибаи омӯхта ба боло бурдани соҳаи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво