23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ва Хуҷанд барои намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ ташкил мешавад

336
Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ 12 ва 14 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд барои намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ доир менамояд.

Ҳадафи он ба ин восита боло бурдани таваҷҷуҳ ба маcъулияти иҷтимоии ширкат (corporate social responsibility) дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. Давраҳои омӯзишӣ дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифта, ҳадафаш боло бурдани сатҳи огоҳии корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ва такмили таҷрибаи онҳо доир ба масъулияти иҷтимоии ширкат мебошад.

Қисмати назариявии давраҳои омӯзишӣ иртибот миёни масъулияти иҷтимоии ширкат ва рушди устувори тиҷорат ва фоидабардории он, ҳамчунин дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалиро фаро мегирад. Равишҳои асосии масъулияти иҷтимоии ширкат дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ, нафъи иқтисодӣ аз фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар маркази диққат дар давраҳои омӯзишӣ хоҳад буд. Бахши амалии давраҳои омӯзишӣ низ муҳим буда, иштирокдорон дар он стратегия ва нақшаи коргирӣ аз масъулияти иҷтимоии ширкатро таҳия мекунанд.

Мушовири байналмилалии МТБ бо таҷрибаи 12-сола дар ин самт Наталя Козленкова, ки давраи омӯзиширо баргузор менамояд, мегӯяд, ки «тиҷорати имрӯза на танҳо барои ба даст овардани манфиат аст, балки боз муваззаф аст, то бехатарии маҳсулотро таъмин намояд, шароити кориро беҳтар созад, табиатро олуда накунад ва гуногунии табиатро хароб нанамояд, шаффофият ва масъулиятшиносиро таъмин созад».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво