26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳунармандони Суғд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба вилояти Фарғонаи Узбекистон сафар намуданд

163
Як гурӯҳ ҳунармандони вилояти Суғд аз марказҳои атласу адрасбофӣ, ҳамчунин кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҳайати ҳунармандони вилояти Суғдро Ҳокими шаҳри Марғелон Адҳамҷон Зиёваддинов пазироӣ намуд. Дар доираи сафари корӣ ҳайати ҳунармандони тоҷик аз шаҳрҳои Марғелон, Фарғона, Риштон, Қуқанд ва Намангон дидан намуда, бо ҷараёни кори атласу адрасбофони узбек аз наздик шинос мешаванд.

Сафари занони ҳунарманд ба Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба рушди атласу адрасбофӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардидааст.

Мақсади ин сафар рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинҳои дастӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳунармандони Ҷумҳурии Узбекистон, васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши марказҳои ҳунармандӣ мебошад.

АКС: маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво