25 январ 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намоиши ҳунарҳои дастии мардуми шаҳри Хуҷанд

667
Дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр баргузор гардид.
Дар намоиш маҳсули дасти ҳунармандони маркази вилоят, чун сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, кешбофӣ, ҳунари рассомон, сандуқсозон ва косибон пешниҳоди меҳмонону иштирокдорон гардонида шуд.

Ҳамзамон дар гӯшаи дигар маҳсули дасти пазандагони анвои қаннодии миллӣ – нишолло, набот ва дигар шириниҳо ҷой дода шуда, ҳар иштирокчӣ тавонист доир ба омода намудани ин шириниҳо маълумот пайдо намояд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона аз намоиш ва растаҳои намоиши ҳунармандон дидан намуданд.

Шаҳрдори Хуҷанд таъкид дошт, ки дар такя ба иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ силсилабарномаҳои ҳунармандӣ доир намуда, ҳунарҳои асилу қадимии мардуми Хуҷандшаҳрро эҳё ва ташаккул диҳад. Дар робита ба ин соли равон маблағи гранти раиси шаҳр 120 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳр 5 маркази таълимии атласу адрасбофӣ амал намуда, давоми соли 2017 аз ҷониби адрасбофон 12 000 метр адрас истеҳсол гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво