26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Муъминобод бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода машқи тактикӣ гузаронида шуд

121
Дар Муъминобод бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода машқи тактикӣ гузаронида шудАз 24 то 27 сентябр бо ибтикори кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Муъминобод машқи мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Дар ҷараёни машқи мазкур дар ҳамаи деҳаҳо ва маркази ноҳия ҳашарҳои дастҷамъона ташкил карда шуда, роҳраву ҷӯйборҳои паҳлӯи роҳҳо ва ҷӯйю сойҳо тоза ва корҳои соҳилбандӣ гузаронида шуданд.

Дар ноҳияи Муъминобод 13 сой мавҷуд аст, ки ба онҳо ҳамасола хатари омадани сел таҳдид менамояд.

Дар машқи тактикӣ сокинони деҳаи Ҳанатарош, ки бар асари шартан омадани сел дар минтақаи хавф қарор доштанд, бо садои бонги хатар ва ҷалби техникаю лавозимоти мавҷуда кӯчонида шуданд. Дар тахлияи аҳолӣ тамоми зерсохтор фаъолияти хуб нишон дода, дар муҳлати кӯтоҳ сокинонро бо нақлиёт таъмин намуда, ба мавзеи бехавф кӯчониданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҷои бехавф шаҳрчаи хаймавӣ ташкил намуда, сокинонро дар хаймаҳо ҷо ба ҷо намуд. Ба шахсони аз сел зарардида кумаки тиббӣ расонида шуд. Кормандони Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар чанд минтақа оташи сарзадаро хомӯш ва молу амволи шаҳрвандонро аз талафёбӣ наҷот доданд. Чорвои аҳолӣ низ ба ҷои бехавф интиқол дода шуда, байторон ба баъзе ҳайвонҳо ваксина гузарониданд.

Тавре корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия Талабшо Назарзода иттилоъ дод, мақсад аз баргузории машқи тактикӣ- ин дар ҳолати омодабош қарор додани мардум ҳангоми омадани сел ва ё дигар офати табиӣ мебошад.

Дар анҷоми машқи мазкур роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ноҳия ба иштирокчиёни фаъоли машқи тактикӣ сипоснома супориданд.

Дар Муъминобод бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода машқи тактикӣ гузаронида шуд


Дар Муъминобод бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода машқи тактикӣ гузаронида шуд


АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво