27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз бориши шадиди шаби 4 май сокинони деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод зарар диданд

195
Шаби 4 майи соли равон бар асари бориши шадид дар деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод сел омада, бар асари он 15 хонаи истиқоматӣ ва ду пули мошингард зарар диданд.

Тавре Сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Изатулло Эмомов дар суҳбат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, айни замон аз ҷониби бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд.

Хисороти расида асосан аз беэътиноии худи сокинон ба амал омадааст, зеро онҳо мавзеъҳои обрави назди хонаҳояшонро тоза нигоҳ намедоранд. Дар натиҷаи чунин бориш ва омадани сел об вориди ҳавлиҳои истиқоматии онҳо мегардад.

Ҳамчунин аз бориши ба амал омада бахше аз заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои ёрирасони заминҳои наздиҳавлигӣ зери об мондаанд. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ва роҳбарони Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бартараф кардани хисорот фаъолият дошта, ҳаҷми зарари ба амал омадаро муайн менамоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор додааст, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар то 7 май идома мекунанд. Дар ин рӯзҳо лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, водиҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин обуҳавошиносон болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳоро низ пешгӯӣ менамоянд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад, ки зимни сафар ҳамеша эҳтиёткор бошанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво