25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ЭҲТИЁТ-НИМИ ҲАЁТ! Дар қисми зиёди минтақаҳои Тоҷикистон хатари баланд шудани оби дарёҳо, фаромадани сел ва сангрезӣ пешгӯӣ мегардад

321
Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ монда, дар қисми зиёди минтақаҳои мамлакат хатари эҳтимолии баланд шудани оби дарёҳо, фаромадани сел ва сангрезӣ пешгӯӣ мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандону меҳмонони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки аз рафтан ба назди обанбор, каналу дарёҳо ва саёҳат ба кӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Рӯзҳои наздик серобшавии дарёҳо эҳтимол сабаби шустани пулҳо ва сарбандҳои хурд гардида, қисмати роҳҳоро вайрон кунад. Номусоидии боду ҳаво инчунин ба чаронидан ва нигоҳубини чорво дар саҳро мушкилӣ пеш меорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар робита ба ин аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо дар хона монда, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

«Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода дар роҳҳои мошингузар, махсусан роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо Кумита аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми сафарҳои шабона қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карда, суръати ҳаракатро муътадил нигоҳ доранд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво