6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Машқи пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ

886
Дар маркази ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон машқи амалии ситоди фармондеҳӣ бо ширкати раҳбарони сохторҳои мухталифи мудофиаи гражданӣ баргузор шуд. Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наим Мираков гуфт, ки “се рӯз пеш комиссияи махсус ҳуҷҷату санадҳо доир ба омодагии идораву муассисаҳо ва хадамоти гуногуни ин ноҳияро ба ҳолатҳои фавқулода мавриди санҷиш қарор дод. Дар марҳилаи дуюми машқ тарзи дар амал тадбиқ намудани дониши назариявии ситоди фармондеҳӣ ва гурӯҳҳои наҷотбахш дар мавзеи Шарикхонаи ҷамоати Навобод санҷида мешавад. Ин яке аз мавзеъҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ мебошад. Соли гузашта низ сатҳи оби рӯдхонаи кӯҳӣ дар мавзеи мазкур баланд шуда, оби он аз маҷрои худ берун баромад ва баъзе киштзору дарахтони сокинонро хароб кард. Аммо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои худ ва гурӯҳҳои наҷотбахш нагузоштанд, ки ин офат ба мардум хисороти бештар расонад”.

Баъди баланд шудани садои бонги хатар дар назди Литсеи техникии маркази ҷамоат лагери муваққатӣ таъсис дода шуда, барои ситоди фармондеҳӣ, гурӯҳҳои наҷотбахш, табибону мутахассисони соҳаҳои дигар хаймаҳо гузошта шуданд. Дар хаймаи калон ғизо ва либоси гарм омода гардид.

Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев, ки ҷараёни машқи тактикиро назорат мекард, ба фаъолияти ҳамаи сохторҳои ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки баргузории чунин машқҳо дар манотиқи кӯҳистон аз манфиат холӣ нест. Ин машқҳо барои пешгирӣ ва коҳиши зарари офатҳои табиӣ кумаки калон мерасонанд.

Раиси ноҳия ба кормандони ҳамаи сохторҳои мудофиаи гражданӣ барои фаъолияти муташаккилона, ҳамкории зич бо сокинони маҳал, сари вақт расондани кумакҳои тиббию ғизоӣ ба зарардидагон, интиқоли техникаву механизмҳо ба ҷои ҳодиса изҳори сипос намуда, ба кормандоне, ки вазифаи худро софдилона ва касбӣ иҷро намуданд, ифтихорномаҳо тақдим кард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво