27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХ! «Вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ номзадии худро пешбарӣ намояд»,- Сироҷиддин Муҳриддин

60
БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХ! «Вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ номзадии худро пешбарӣ намояд»,- Сироҷиддин МуҳриддинПас аз ҳиссагузориҳои бисёрсола дар чандҷанбагароӣ (мултилатерализм) тариқи мушорикати фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи беназири сулҳпарварӣ ва дониши амиқ дар бораи Афғонистон вақти он расидааст, ки Тоҷикистон бори нахуст барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 номзадии худро пешбарӣ намояд. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ изҳор дошт.

«Тоҷикистон ҷиддан муътақид бар он аст, ки давлатҳои хурд низ бояд имкони бештаре дошта бошанд, то ҷиҳати дарёфти роҳҳалҳо барои масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният саҳм гузоранд», — гуфт ӯ.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳори умедворӣ кард, ки ин иқдом аз ҷониби тамоми кишварҳои узви Созмон пуштибонӣ хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бори нахуст номзадии Тоҷикистонро ба сифати узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои давраи солҳои 2028-2029 Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ тариқи онлайн дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ моҳи октябри соли 2021 пешбарӣ карданд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, Тоҷикистон шумораи неруҳои посдори сулҳи худро дар минтақаҳои даргир афзоиш хоҳад дод. Пешвои миллат тазаккур доданд, ки Тоҷикистон аз таҷрибаи мусбати ҳамкории кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид қаноатманд аст.

«Тоҷикистон ҳамеша аз фаъолияти сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ намудааст, — гуфтанд Президенти мамлакат. — Минбаъд низ саъю талош хоҳад кард, ки дар барқарорсозӣ ва пойдории сулҳу субот дар минтақаҳои гирифтори низоъ саҳм гузорад».

Ёдовар мешавем, ки ҳоло панҷ кишвар, аз ҷумла Россия, ИМА, Британияи Кабир, Чин ва Фаронса узви домии Шӯрои Амнияти СММ мебошанд. Давлатҳои гуногун узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти ин созмон гардидаанд. Аз Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон солҳои 2017-2018 узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ шудааст.

АКС: ВКХ Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво